Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.
Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кафолати ҷуброни пасандозҳоро медиҳад. Ҳадафи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад.
Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд.
Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд.
Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:
Мутобиқи моддаи 12 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дорад, узви Хазина мебошад.
Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1. Мактуби расмии ташкилоти қарзӣ ба номи Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оиди қабул намудани он ба узвияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
2. Нусхаи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ;
3. Ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ дар санаи аъзошавӣ ба Хазина;
4. Пардохти ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба суратҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон:
Суратҳисоб дар БМТ : 22802972200046
РМА 010018157
БИК 350101101
Хазина дар давоми се рӯзи кории баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил намуда, ба он Тасдиқномаи узвиятро медиҳад.
Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед пасандоз гузоред узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аст.
Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.
Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
Пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври автоматикӣ суғурта карда мешаванд ва аз ҷониби пасандоздор шартномаи суғуртаро талаб намекунад. Объекти суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ, мутобиқи Қонун, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо чунин мебошад:
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар тибқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.
Маркази тамос: