Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони маҳсулоти қарзӣ, ки барои риояи он тамоми кормандони Ташкилот масъул мебошанд
1. Ба маърифатнокӣ бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунандагони маҳсулоти қарзӣ аз ҳуқуқҳояшон.
2. Ба гирифтани маълумоти зарурӣ ва боэътимод дар бораи намудҳои маҳсулоти қарзӣ, масъалаҳои ба қарзгирӣ мансуб ва ҳамчунин доир ба ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла:
— маълумот дар бораи ташкилоти қарзӣ ва макони ҷойгиршавии он;
— мақсади қарз;
— намудҳои таъминоти қарз;
— фоизи солонаи қарз ва меъёри фоизии самараноки солонаи қарз;
— мӯҳлати қарз;
— намудҳои қарзи пешниҳодшаванда бо мухтасар тасвир намудани фарқияти онҳо;
— тарзҳои бозгардонии қарз, миқдор, ҳаҷм ва такроршавандагии пардохтҳо;
— маблағи эҳтимолии қарз, ки дода шудани он мумкин аст;
— афзалият ва камбудиҳои шаклҳои пешниҳод шудаи қарз;
— маблағи эҳтимолии дар маҷмӯъ пешниҳодшавандаи қарз;
— талабот оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи таърихи қарзи муштарӣ ва гирифтани дархост аз бюрои таърихи қарз;
— имконияти аз ҷониби муштарӣ пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз ва шартҳои он;
— талаботҳо ба шартҳои шартномаи қарзӣ;
— ҳуқуқи бозгардонии дархост барои гирифтани қарз;
— маблағи ҳамаи хароҷотҳо оиди хизматрасонии қарз (хароҷоти нотариус, суғуртаи амволи ба гаравгузошташаванда, нархгузории амвол ва ғайра);
— ҳуқуқ ҳангоми пардохти маблағҳо ба гирифтани чеки хазинадорӣ;
— барои гирифтани маълумотнома ба таври ройгон оиди бақияи қарзҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои ҳисобшуда, қарз доштан ё надоштанаш;
3. Муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ.
4. Пешниҳод намудани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар намудани хизматрасонии қарзӣ.
5. Ташкилот ҳангоми муносибат бо муштариён принсипҳои адолат, бовиҷдонӣ, баробарӣ ва кордониро риоя намуда, ифшои маълумотро бо риояи талаботҳои зерин анҷом медиҳад;
- маълумот барои тамоми муштариён ва муштариёни эҳтимолӣ бояд бо ҳуқуқҳои баробар ва дар ҳаҷми баробар пешниҳод гардад;
-маълумот бояд саҳеҳ ва пурра буда, саривақт пешниҳод карда шавад;
-маълумот бояд барои истеъмолкунандагон бо забони соддаву фаҳмо пешниҳод гардида, набояд калимаву ибораҳои печидаву душворфаҳм ва истилоҳҳои касбиву техникиро дар бар гирад;
-маълумот бояд ба забони давлатӣ ба истеъмолкунанда пешниҳод карда
мешавад ва дар ҳолати мувофиқа ҳосил шудан, ба истеъмолкунанда аз ҷониби Ташкилот бо дилхоҳ забони дигар низ пешниҳод мегардад;
-маълумот ба истеъмолкунанда бояд бо андозаи чунин ҳарфе пешниҳод гардад, ки истеъмолкунанда тавонад ба осонӣ маълумоти зарурии худро пайдо кунад;
-маълумоти пешниҳодшуда набояд дар шакле пешниҳод гардад, ки шартҳои муҳимро пинҳон созад;
6. Пеш аз он ки шартнома оиди пешниҳоди қарз баста шавад, кормандони Ташкилотро зарур аст:
— ба истеъмолкунанда моҳият ва шартҳои хизматрасонии мушаххаси мавриди таваҷҷӯҳи ӯро фаҳмонад;
— истеъмолкунандаро бо ҳаҷми тамоми пардохтҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасонии мавриди таваҷҷӯҳи ӯ иртибот доранд, шинос намоянд;
— ба истеъмолкунанда тартиби пешниҳод, раванд ва мӯҳлати баррасии муроҷиатро, ки аз шартнома бармеояд, фаҳмонанд;
— истеъмолкунандаро дар бораи ӯҳдадориҳояш бо назардошти чораҳои таъсиррасонӣ, ки Ташкилот метавонад дар ҳолати иҷро нашудани ӯҳдадориҳои истеъмолкунанда (ҷаримаҳо ё ҳамагуна чораҳои дигар, ки вазъи молиявии истеъмолкунандаро бадтар месозанд, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, хабар диҳанд;
— истеъмолкунандаро дар бораи шакл, мунтазамӣ ва мӯҳлати пешниҳоди маълумот пас аз ба имзо расонидани шартнома огоҳ созанд;
— то бастани шартнома ба истеъмолкунанда имконият ва мӯҳлати заруриро барои шиносшавӣ бо муқаррароти шартнома пешниҳод намоянд;
— ба истеъмолкунанда бояд маълумоти кофӣ оид ба маҳсулот пешниҳод гардад, то ки истеъмолкунанада тавонад вобаста ба тақозо ва имкониятҳои молиявиаш маҳсулот ва хизматрасонии мутобиқро интихоб намояд;
— ба қарзгиранда/муштарӣ моҳият ва аҳамияти таърихи қарзро шарҳ диҳад, аз ҷумла дар бораи он хабар диҳад, ки дар сурати иҷро нашудани ӯҳдадориҳо аз рӯи қарз дар ин бора маълумот ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод карда мешавад;
— ба қарзгиранда/муштарӣ дар бораи он хабар диҳад,ки дар сурати иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояш, қарз ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда ва дар сурати нокифоягии молу мулки ба гарав гузошташуда аз ҳисоби дигар молу мулки қарзгиранда/муштарӣ ситонида мешавад;
— ба қарзгиранда/муштарӣ оид ба ҳуқуқҳои ӯ дар асоси бебозгашт даст кашидан аз гирифтани қарз дар давраи пас аз бастани шартнома ва то лаҳзаи гирифтани маблағҳои пулӣ хабар диҳад;
— дар сурати будани гаравдеҳ, зомин ё шахси дигар, ки ҷониби шартномаи қарзӣ ба ҳисоб меравад, ҷавобгарии онҳоро шарҳ дода, дар шакли озоди хаттӣ ризоияти онҳоро ба даст оварад;
— дар сурати қарзи гурӯҳӣ, ба қарзгирандагон/муштариён ҷавобгарии муштараки умумиро оид ба қарз шарҳ диҳад;
7. Агар Ташкилот аз пешниҳоди қарз ба истеъмолкунанда даст кашад, бо дархости истеъмолкунанда ба ӯ нусхаҳои асли ҳамон ҳуҷҷатҳоеро бармегардонад, ки истеъмолкунанда аз шахсони сеюм барои пешниҳод ба Ташкилот бо мақсади истифода намудани хизматрасонӣ (маълумотнома аз ҷои зист ё кор, санади баҳогузории молу мулк, ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда ва ғайра) ба даст овардааст;
Маркази тамос: