Новая версия сайта
Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич

Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич

Раиси Шӯрои нозирон

Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич – Раиси Шӯрои нозирони ҶДММ МДО «МАТИН».
Соли 1970 мактаби миёнаи ба номи «Коммунист»-и шаҳри Канибадамро бо медали тилло хатм намудааст. Соли 1975 факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Солҳои 1976–1979 дар аспирантураи факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намуда, баъдан то соли 1988 ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 1996–2000 ҳамчун дотсент ва директори Маркази технологияҳои компютерӣ ва иттилоотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2000–2003 тренер ва коршиноси қарзии ташкилоти байналмилалии «Милосердие» буд.
Аз соли 2004 ҳамчун дотсенти кафедраи «Иқтисод ва соҳибкорӣ» фаъолият намуда, солҳои 2009–2015 муовини директор оид ба таълим ва инноватсия буд. Аз 1 сентябри соли 2021 — профессори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Институти иқтисод ва савдои ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Солҳои 2003–2016 директори иҷроияи Иттиҳодияи ҷамъиятии «Дастовардҳои ҷавонон» буд.
Таҷрибаи бойи идоракунии корпоративӣ дорад: узви Шӯрои нозирони ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ, узви Шӯрои парасторони Фонди микромолиявии ИМОН ва Раиси Шӯрои директорони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Дастовардҳои ҷавонон» мебошад.
Дар конфронсҳо ва сафарҳои илмии байналмилалӣ дар Британияи Кабир ва Ирландия (1997), ИМА (2002, 2012, 2014), Канада (2012), Шветсия (2010, 2012), Фаронса (2012), Маҷористон (2005), Кореяи Ҷанубӣ (2005), Шри-Ланка (2007), Индонезия (2008), Ҳиндустон (2006), Малайзия (2008, 2011) ва дигар кишварҳо иштирок намуда, доир ба рушди иқтисод ва соҳибкории ҷавонон баромад кардааст.
Муаллифи зиёда аз 50 мақола, корҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Тарҷумони китобҳои «Иқтисоди амалӣ» (1999), маҷмуаи сеҷилдаи «Асосҳои иқтисод» (2005), «Принсипҳои иқтисод»-и профессор Мэнкью (2011), «Этикаи глобалии тиҷорат» ва дигар асарҳо мебошад.
Дар тайёр намудани омӯзгорон, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Барои хизматҳои шоиста дар пешбурди фаъолияти касбӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббус ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ бо мукофотҳои соҳавӣ — «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.