Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ДДҲБСТ

2023-05-16

12 майи соли 2023 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир шуд. Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси ДДҲБСТ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ баргузор гардид. Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба 35-солаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи ҷавонон ва 30-солагии ДДҲБСТ роҳандозӣ гардид. Барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомот, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои бонкӣ аз ҷумла ҶДММ ТАҚХ “МАТИН” бо Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Бойгонии хабарҳо