2023-05-15
12 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба роҳ монда шудаанд, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Барои иштироки фаъолона дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “МАТИН” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Маркази тамос: