2023-05-12
Санаи 11 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохурии намояндагони ҶДММ ТАҚХ “МАТИН” – Муовини Раиси Раёсат Хамидов М.Ҳ., мутахассиси шуъбаи рушди амалиётҳои бонкӣ Мирзозода П.Ф. бо роҳбарияти донишгоҳ - Ректор Абдуалимзода Ҳ.А., муовини ректор оид ба таълим Ҷурахонзода Б.Ҷ., мудири кафедраи “Фаъолияти бонкӣ” Муслихова Т.Т. ва дигар устодон баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо ва омода намудани донишҷуён алалхусус хатмкунандагон ба фаъолияти меҳнатӣ аз руи ихтисос гуфтушунидҳо гузаронида шуданд. Бо истифода аз фурсат бо гуруҳи донишҷуёни фаъоли кафедраи “Фаъолияти бонкӣ” дарси кушод оид ба шиносоӣ бо амалиётҳои бонкии ТАҚХ “МАТИН” гузаронида шуд. Инчунин пайваста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар амал татбиқ намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” ва иҷрои дастурҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат додани ҳамкориҳои байни Донишгоҳу Ташкилот ва ба амал татбиқ гардонидани онҳо ба нақша гирифта шуданд.
Маркази тамос: