2023-03-17
17 марти соли 2023 дар саридораи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «МАТИН» дар шаҳри Хуҷанд байни роҳбарияти ташкилот ва Бонки im Bistum Essen eG бо мақсади ҳамкорӣ вохӯрии онлайн баргузор гардид. Вохӯрӣ бо ташаббуси бонки олмонӣ ташкил карда шуд, ки дар он Александр-Майкл Мали – Сармутахассис оид ба сармоягузорӣ (Европаи Шарқӣ, Қафқоз), Флориан Волкмер (HSBC Transaction Services GmbH), Рустам Азимович Ботуров – муассиси ТАҚХ «МАТИН», Олимов Олим Абдуллоевич - Раиси Раёсати ҶДММ ТАҚХ «МАТИН», Хамидов Мукимчон Хамробоевич — муовини Раиси Раёсати ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» иштирок доштанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ вазъи кунунии рушди фаъолияти ҶДММ ТАҚХ «МАТИН», стратегияи тиҷоратии он барои оянда, каналҳо ва воситаҳои имконпазири ҳамкорӣ дар соҳаи маблағгузории хурд ва муносибатҳои муросилотӣ бо Bank im Bistum Essen eG-ро баррасӣ карданд.
Маркази тамос: