Вохӯрии ТАҚХ «МАТИН» бо сармоягузори боиқтидор – БАТР

2023-02-16

16 феврали соли 2023 дар бинои Саридораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «МАТИН» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарияти ташкилот ва сармоягузори пуриқтидор – Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо мақсади ҳамкории минбаъда баргузор гардид. Мулоқот бо ҳадафи баррасии ҳолати бахши молия дар шароити тағйироти кунунии иқтисодӣ, ҳамчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳо, ки дар он Орлов Георгий Николаевич-Директори департаменти БАТР оид кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия, Шамсиев Ҷаҳонгир - муовини Директори департаменти БАТР оид ба кор бо институтҳои молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Юсупов Баҳодур - бонкдори пешбари Раёсати БАТР оид ба кор бо институтҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ботуров Рустам Азимович - муассиси ҶДММ ТАҚХ "МАТИН", Олимов Олим Абдуллоевич - Раиси Раёсати ҶДММ ТАҚХ "МАТИН" ташкил шудааст. Ҳамидов Муқимҷон Ҳамробоевич – муовини Раиси Раёсати «МАТИН» ва дигар кормандони роҳбарикунандаи ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» ширкат доштанд, ташкил шуда буд. Бо дарназардошти эҳёи пас аз COVID-19 иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муътадилгардии фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ, хеле муҳим аст, ки аҳолии кишвар ба қарзҳои имтиёзнок дастрасии бештар дошта, даромади онҳо афзоиш ёбад ва ба ин васила некӯаҳволии молиявии онҳо беҳтар шавад. Дар навбати худ, бахши хусусӣ барои сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инноватсия ва барои рушди иқтисодӣ имкони бештар пайдо мекунад. ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» яке аз чунин ташкилотҳои молиявист, ки дар рушди бахши молиявии кишвар, дастгирии бахши хусусӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ саҳм мегузорад. Бояд гуфт, ки бо кумаки донорҳо, бахусус БАТР беш аз 200 нафар кормандони ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» бо гирифтани шаҳодатнома аз давраи омӯзишии мувофиқ гузаштанд. Ва ҳамаи ин барои такмили минбаъдаи равандҳои дохилӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон дар сатҳи баланди касбӣ такони нав мебахшад. Иштирокчиёни мулоқот инчунин вазъи кунунии рушди фаъолияти ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» ва стратегияи рушди онро барои оянда баррасӣ карданд.

Бойгонии хабарҳо