Вохӯри дар ДДТ

2022-12-08

Рӯзи 08 декабри соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ Тоҷикистон, махфили илмии “Молиячии ҷавон” тахти мавзӯи “Муаммоҳои рушди ташкилотҳои қарзӣ дар шароити гузариш ба муносибатҳои ҷаҳонишавӣ”, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон - намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, хамчун меҳмони даъватшуда муовини раиси Раёсати ҶДММ ТАҚХ “МАТИН” Ҳамидов Муқимҷон Ҳамробоевич бахшида ба маърӯза дар мавзӯи “Сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар замони соҳибистиқлол” баромад кард. Минбаъд донишҷӯён барои татбиқи амалии донишҳои гирифташуда оид ба саводнокии молиявӣ ба ду даста тақсим карда шуданд. Аз рӯи натиҷаи “ҳамлаи ақлонӣ” ба беҳтаринҳо ифтихорномаҳои хотиравӣ ва сипосномаи омӯзгорон супорида шуд. Дар оянда тасмим гирифта шуд, ки чунин чорабиниҳо мунтазам баргузор карда шаванд.

Бойгонии хабарҳо