ҶДММ ТАҚХ "МАТИН"

Таъсисёби

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «МАТИН» моҳи июли соли 2009 таъсис ёфтааст. «Матин» аз забони точикӣ гирифта шуда, маънои «сахт», «кувват», «тобовар»-ро дорад, ки фалсафаи фаъолияти моро пурра тавсиф мекунад. Стратегияи рушди ТАҚХ «МАТИН» ба дарозмуддат нигаронида шудааст ва барои мо афзалияти асосӣ ин ҳифзи ҳадди аксар манфиатҳои мизоҷони мо ва фароҳам овардани шароити бароҳат барои хидматрасонии онҳо мебошад.

Дар асоси иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ТАҚХ «МАТИН» доираи васеи хизматрасониҳои маблағгузории хурд ва бонкиро пешкаш менамояд, аз қабили: қарздиҳӣ ва ҷалби пасандозҳо, хадамоти идоракунии пули нақд, амалиёти интиқол, интиқоли фаврии пул, кортҳои пардохтӣ ва ғайра.

ТАҚХ «МАТИН» на танҳо бо мизоҷони корпоративӣ – шахсони ҳуқуқӣ, балки бо шахсони воқеӣ ҳам фаъолона ҳамкорӣ намуда, дар солҳои охир шумораи мизоҷон – шахсони воқеиро ба таври назаррас афзоиш додааст. Самти афзалиятноки фаъолияти ТАҚХ «МАТИН» пурратар конеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ ба хизматрасонии замонавӣ ва босифат мебошад.

138.5 млн сомони

Дороиҳо

35 млн сомони

Сармоя

29

Марказҳои хизматрасонӣ

30 тыс

Мизоҷон

109 млн сомони

Портфели қарзӣ

80.8 млн сомони

Портфели амонатӣ

8.5 тыс

Кортҳои фаъол

Оинномаи ҶДММ ТАҚХ "МАТИН"