Бахшида ба 30 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

2024-06-03

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд». Аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад: Якум. Бо қабули Конститутсия ба шакли қабул ва даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷлисҳои Парлумон аз ҷониби (вакилон), ки дар амалияи давлатдории замони собиқ мавҷуд буд, хотима гузошта шуд. Дуюм. Конститутсияи мо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон шуда, бо ҳамин бо иродаи халқи Тоҷикистон ҳама гуна дигар хусусияти давлат, аз ҷумла давлати исломӣ, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, инкор карда шуд. Сеюм. Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургутарини зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дар Конститутсия дарҷ гардиданд. Чорум. Тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд. Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Панҷум. Қабули Конститутсия барои ҳокимияти сиёсӣ, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат омада буд, аҳамияти таърихӣ дошта, ба он нерую илҳоми тоза бахшид. Онро ба татбиқи сиёсати пешгирифта: хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави давлат, ба ватан ва ҷои зист баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра, ки дар ин иҷлосия пеш гирифта буд, раҳнамун сохт. Кулли мардуми Тоҷикистон ба қабули Конститутсия овоз дода, амалан пуштибонии худро аз иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд. Шашум. Қабули Конститутсия нахустин чорабинии муҳими сиё¬сии мамлакат буда, барои ҳокимияти сиёсии таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятдошта санҷиши бузург ба шумор мерафт. Қабули он, ки дар шароити басе мураккаби авзои сиёсии иҷтимоӣ доир гардид, аз қо¬билияти баланди ташкилию роҳбарӣ ва давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ӯ шаҳодат медод. Дар дили одамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшони халқу миллат ва давлат пайдо шуда, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Натиҷаи чунин дастгирӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат ободиву шукуфоии мамлакатамон ва эътибори байналмилалии он мебошад. Ҳафтум. Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмилалӣ мебошад. Ин бори дигар исботи илмии нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи нави сиёсӣ ва миллӣ, аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифатии ҷомеаи алоҳида мебошад. Ин ба Пешвои миллат дар пешбурди фаъолияти давлатдорӣ, бунёди давлати нави миллӣ ва саҳмашон дар ҳалли умдатарин проблемаҳои ҷаҳони имрӯза муваффақияти зиёд зам намуд. Ҳаштум. Қабули нахустин Конститутсияи Тоҷи¬кистон ба ҳама андешаҳои пучу бофташудаи душманони миллати тоҷик, ки давлатдорӣ ва қобилияти ташкилии тоҷиконро нисбат ба бунёди давлати миллӣ, ҳатто ҳамчун миллат ташаккул наёфтани халқи тоҷикро зери суол мегузоштанд, хотима гузошт. Қабули Конститутсия новобаста аз вазъи душвори таърихӣ яго¬нагӣ ва хиради азалии халқи Тоҷикистонро баръало собит намуда, ҳама ҳарзагӯиҳои душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷикро ботил баровард. Нуҳум. Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими ратсионалии минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон ва муносибати эҷодкорона ба матни Конститутсия дарҷ ёфт. Даҳум. Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимиятидавлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихоботбаҳои сазовор дод. Бо назардошти ин интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсиҳои минбаъда (1999, 2003 ва 2016) дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони мамлакат дар фазои тинҷию оромӣ Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, тавассути татбиқи ҳуқуқҳои фаъолисиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳуқуқи конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд. Дувоздаҳум. Конститутсияи мамлакат бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқи ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Моддаи 19 эълон намуд, ки «ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад». Сенздаҳум. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳукуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳ¬рванд оид ба мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, дар ало¬ҳидагӣ ё дар якҷогӣ бо дигарон пайравӣ намудан ё накардани дин (моддаи 26), муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои динӣ (моддаи 28) шароити мусоиди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард. Чордаҳум. Конститутсия, ки ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебо¬шад, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва шиносонидани онҳо бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор гузошт. Вазифаи халқи Тоҷикистон дар хусуси «… мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадорем», ки дар дебочаи Конститутсия омадааст, «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад» (мод. 40), «Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст» (моддаи 45) бо дастгириву заҳматҳо ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқи худро ёфтанд ва саҳифаҳои нав ба нави таъриху фарҳанги миллатамон барои халқу миллат боз гардид. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШИНОХТИ ХУДУ УҲДАДОРИҲОИ ХУД Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2023) чунин изҳор доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Дар ҳақиқат ин санади олии ҳуқуқӣ, кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуда, заминаи устувори таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Аз ин рӯ дар ростои таҷлили Ҷашни 30-солагии Конститутсия таваҷҷуҳи дигарбора ба тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад.

Архив новостей